Бахшида ба “Соли ҷавонон” баргузории Аксияҳои ҳизбӣ

Printer-friendly versionSend by email

“Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва  нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”

Аз Паёми Асосгузори сулҳу вањдати милӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар ноҳияи Бохтар Аксияҳои ҳизбӣ ва Рӯзи  “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Саҳми ман дар пешрафту ободонии Ватан” бахшида ба Соли ҷавонон доир гардид. Бояд зикр намуд, ки ташаббускори он  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар ва Бахши намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” буданд. Субҳи барвақт дар назди Кохи фарҳанги ноҳия  намоиши сайри китоб баргузор гардид. Сипас, дар шуъбаи сеюми ҷамоати шаҳраки Бохтариён Бахши намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони  “Солимии миллат-асоси рушди давлат” ва “Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии То ҷикистон қарор доранд” гузаронида шуд. Зикр намудан ба маврид аст, ки дар ин рӯз дар беморхонаи рақами якуми ҷамоати шаҳраки Бохтариён маъюбон ва ҷавонони эҳтиёҷмандро табибон ройгон ташхис намуданд. Аз ҷамоати шаҳраки Бохтариён масъулони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷавонони “Созандагони Ватан” ба ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа барои  аёдати калонсолону маъюбони муассисаи давлатии маркази Ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва буду боши доимии маъюбон ва пиронсолон сафар карданд. Бояд қайд намуд, ки дар ин муассисаи давлатӣ 52 нафар ниёзмандон умр ба сар бурда истодаанд, ки 18 нафари онҳоро пиронсолон ва 34 нафарашонро маъюбон ташкил медиҳанд. Зикр намудан ба маврид аст, ки дар ин рӯз бошандагони ин муассиса аз тарафи шахсони саховатманд ва ҳизб соҳиби тӯҳфа гардиданд, ки ҲХДТ зимни баргузории ин Аксия тӯйи хонадоршавии  ду бошанда: Елена ва Талгатро баргузор намуда, ба онҳо туҳфаҳои ҳизбиёнро тақдим намуд ва табъи онҳоро сарояндаи ҷавон Наимҷони Сайдалӣ шод намуд. Аз  ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа “Созандагони Ватан” ба ҷамоати деҳоти Заргар ташриф оварданд. Дар ин ҷамоат ҷавонон бо шиору овезаҳо, парчамҳои ҳизбиву давлатӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” ва тақсимоти буклету китобҳои ҳизбӣ оид ба дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиш баргузор намуданд. Ҷавонон дар ин ҳамоиш ширкати фаъол варзида, “Созандагони Ватан” будани хешро нишон доданд. Рӯзи “Созандагони Ватан” дар маркази ноҳияи Бохтар ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ бо баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ анҷом ёфт. Дар ин ҳамоишҳо мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Соҳибназар Худойназаров иштирок ва суханронӣ намуданд.

a2.jpga3.jpg

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.