Бахшида ба Соли ҷавонон Ҷавонон –ояндаи давлату миллат

Printer-friendly versionSend by email

Тибқи  накшаи  чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   дар  ноҳияи  Носири  Хусрав ҷиҳати  баланд  бардоштани  ҳисси  ватандӯстӣ,    ҷалби  ҷавонон  дар  иштироки  ҳаёти  сиёсиву  иҷтимоии   Тоҷикистони  азиз   ва бахшида  ба     “Соли  ҷавонон” эълон  шудани  соли 2017, бо   ибтикори    Бахши  намояндагии ташкилоти   ҷамъиятии  ҷавонон  “Созандагони  Ватан”  дар  ноҳия,  дар дидбонгоҳи  сарҳадии  Сангоба,  воқеъ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав   мусобиқаҳои варзишии  футбол, волейбол бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимии  ноҳия ва  сарбозони  қисми   низомии  мазкур гузаронида шуд. 

Ба   сарбозони  қисми  низомӣ   туҳфаҳои  хотиравӣ  ва  ифитихорномаҳои   Бахши намояндагии    ташкилоти  ҷамъиятии  ҷавонон “Созандагони  Ватан  “  тақдим  карда  шуд.

Дар  баргузории   чорабинии   мазкур роҳбари  Бахши  намояндагии  ташкилоти  ҷамъиятии  ҷавонон  “Созандагони  Ватан” дар  ноҳия   Давлатшоҳ Амиров  иштирок ва  баромад  намуда,  қайд  кард,  ки  ҷиҳати  дар  амал  татбиқ  намудани  ҳидоятҳо  ва  дастуру  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон кӯшишҳо ба харҷ дода, ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар рушду нумуи кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Ҷолиби    қайд  аст, ки  имрӯзҳо  мо  тамоми  ҷидду ҷаҳдамонро  ба  он  равона  карда  истодаем, ки ба  ҷавонон  ҳисси  ифтихор аз  соҳибдавлатӣ, истиқлолияти  миллӣ, муҳабат  ба  Ватан ва  эҳтиром  ба  арзишҳои  миллиро  тарбия  намоем. 

nod2.JPGnod3.JPG

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.