Бахшида ба Соли ҷавонон Саҳми ман дар пешрафту ободии Ватан

Printer-friendly versionSend by email

Дар асоси  нақша чорабиниҳо ва ташаббуси  бевоситаи  Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ноҳияи Вахш дар майдончаи варзишии муассисаи таълимии № 17-и  ҷамоати деҳоти  Ваҳдати ноҳияи Вахш бо иштироки  узви кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш Маҳмадшариф Табарзода,  фаъолон, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорону аъзои Бахши намояндагии  Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», Ситодҳои доимоамалкунандаи  ҳизбӣ, Ҷамъияти таблиғотии  «Фарҳангӣ сиёсӣ», комиссияҳои кор бо занону ҷавонон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Саҳми ман дар пешрафту ободии Ватан»  дар сатҳи баланди  сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии  ташкилу баргузории  ҳамоиши мазкур дар амал татбиқу ҳамаҷониба дастгирӣ намудани  сиёсати  ғамхоронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба  ҷавонон  мебошад.

tob2.jpgАз ин рӯ, дар чорабинии  баргузоргардида  ҷавонон ҷалб карда шуда, дар намоишгоҳ  аз ихтироъкориҳову маҳсули дастони онҳо ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Сараввал ҳамоишро  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов  ҳусни оғоз бахшида,  ба ҷавонон  барои  иштироки фаъолонаашон изҳори миннтадорӣ баён кард.   Инчунин  дар рафти суханронӣ Одилҷон Маҳмадов  аз иштирокдорони ҳамоиш баҳри саҳмгузор будан дар пешрафту  ободии Ватан,  сайқал додани  илму дониш, омӯхтани касбу ҳунар, аз худ намудани  технологияи муосир ва ғайраҳо даъват ба амал оварда, ҷавононро бахшида ба «Соли ҷавонон» табрику муборакбод намуд.  Дигар шахсони расмӣ  низ дар радифи  чунин суханҳо баромад кардаву   иштирокдорони  чорабиниро барои  шукуфоиву пешрафти  Тоҷикистони азиз ва  амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маслиҳатҳои  муфид доданд.  Сипас,  хонандагони муассисааи таълимӣ ва  ҳунармандони Қасри  фарҳанги ноҳия  бо барномаи рангини  хеш  хотири  ҳамагонро болида гардониданд.  Дар охири  ҳамоиш   ба як қатор ҷавонони фаъол, ки дар  амалигардонии ҳадафҳои барномавии  ҲХДТ саҳми  босазо гузоштаанд, бо туҳфаҳо ва Ифтихорномаву Сипосномаҳои  таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  сарфароз гардонида шуданд.

tob4.jpgtob3.jpg

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.