Бахшида ба Соли ҷавонон Рӯзи ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Printer-friendly versionSend by email

Бисту се сол муқаддам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «БАРОИ ВАҲДАТ, РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!» ба майдони сиёсат ворид гардида, дар муддати начандон дарозе садоқати худро ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои озодиву баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёниву демократия сарбаландона собит намуд ва имрӯз бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Ватан ва бо умеди расидан ба ормонҳои миллӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ сохта истодааст.

         Бахши намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия қаноти боэътимод ва ёвару ғамхори ҷавонони ҲХДТ мебошад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 14 паст набошад ва принсипҳои таъсис, мақсади фаъолияти Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро ҷонибдорӣ менамоянд, Оинномаи Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»- ро эътироф карда, вобаста ба имкониятҳои худ оид ба татбиқи сиёсати ТҶҶ «Созандагони Ватан» уҳдадориҳои ихтиёрӣ мегиранд, метавонанд аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ҳамзамон, узви ҲХДТ бошанд.

          Бахши намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия тибқи банди 4-и қарори Кумита аз 20 апрели соли 2011 бо мақсади тарбия намудани насли навраси ноҳия дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва бо ин васила татбиқ намудани  Барномаи  ҲХДТ таъсис дода шудааст.

Ташкилоти мазкур бо фаъолияти мақсаднок ва бонизоми худ аз ҷумла, гузаронидани корҳои ободонӣ ва шанбегиҳо, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, озмуну конференсияҳо, саҳмгузорӣ дар амалисозии қонунҳои миллӣ, тарғиб ва танзими расму оинҳо, анъанаҳо ва маросимҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои  таърихию аҷдодӣ, баланд гардидани савияи дониши толибилмон, дарёфту дастгирии ҷавонони лаёқатманд пайваста ташаббусҳои меҳанпарастонаро дар амал татбиқ намуда, ёвари боэътимоди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ мебошад.

Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ёвон имсол дар доираи нақшаи чорабиниҳои худ таҳти унвони «20 иқдоми созандаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ ва «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 дар байни ҷавонони ноҳия як зумра чорабиниҳоро доир намуда истодааст.   

Роҳбарии Бахши намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвонро аз рӯзи таъсисёбии он то соли 2015 Саёҳат Абдуллоева ба уҳда дошт. Аз соли 2015 то 1 марти соли 2017  Хусрав Бобобеков ва аз 1 марти соли 2017 инҷониб Абдуллоева Саёҳат ба уҳда доранд.

mn2.jpgДар доираи нақшаи чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Саҳми ман дар пешрафту ободонии Ватан» тайи як моҳ бо иштироки доираи васеъи ҷавонон чорабиниҳои зиёде аз қабили мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намуди футбол, волейбол, шашкаву шоҳмот, гуштин, бандкашӣ, тенниси рӯи миз, бадминтон,  намоиши дастовардҳои ҷавонон, муаррифӣ намудани ҳунару истеъдодҳои ҷавонони эҷодкор, ихтироъкору болаёқат,  баргузор намудани шанбегиҳои умумӣ дар маркази ноҳия, Аксия – намоиш таҳти унвони «Сайри китоб» Ташкили Аксияи Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони  Ватан» таҳти унвони «Ҷавонони солим – ояндаи миллати солим»,  хонишҳои сиёсӣ миёни ҷавонон дар заминаи маводҳои нашрияҳои ҳизбӣ, аёдату шиносоӣ аз шароити зисти ҷавонони маъюб,  омодаву расонидани варақаҳову  буклетҳои таблиғотӣ ба ҷавонони ноҳия, қадрдонӣ намудани ҷавонони фаъол, додани  Сипоснома, туҳфаҳ ои хотиравии ҲХДТ, ёдовар шудан аз ташаббусҳои наҷиби ҳар яки онҳо гузаронида шуд.

Ҷамъбасти чорабинӣ бегоҳии рӯзи 28 апрели соли равон дар маркази ноҳия баргузор гардид, ки дар он наздикии 1500 нафар ҷавонони ноҳия иштирок намуданд.

mn3.jpgНахуст ҷавонон ҳамчун рамзи эҳтиром ба муҷассамаи Ҳайкали сарбози номаълум гулчамбар ниҳоданд. Сипас,  аз назди боғи Ғалаба то назди Кохи фарҳанг роҳпаймоии идонаи ҷавонон доир гардид. Дар назди Кохи фарҳанг ҷавононро намояндаи мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии ноҳия Алимардонов Эмомалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Исломиддин Нарсов, раиси ҷамоати шаҳраки Ёвон Ҳасанзода Қаҳорбек, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии соҳаи тандурустии ноҳия Анвар Мирзоев суханронӣ намуданд. Ба як қатор ғолибони озмуну мусобиқаҳо ва фаъолони Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Барномаи ҷолиби консертии ҳунармандони ҷавони ноҳия давомдиҳандаи чорабинии мазкур буд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 2000 варақаҳои таблиғотӣ ба ҷавонон дастрас карда шуд.
Саёҳат Абдуллоева, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.