Аксияҳои ҳизбӣ дар ноҳияи Ёвон идома дорад

Printer-friendly versionSend by email

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки  «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.
Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шуд.
Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ва дар асоси қарорҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар бобати баргузории Аксияҳои ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ қарорҳои махсус омода гардида, ҷарраёни баргузории Аксияҳо дар ноҳия идома дорад.

Тибқи ҷадвали баргузорӣ Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Ихтироъкорӣ аз кабинетҳои фаннӣ оғоз мегардад» ва «Навоварӣ ва ихтироъкорӣ тақозои замон аст» бо иштироки муассисаҳои таълимии  ҷамоатҳои деҳоти ба номи Г. Юсуфова ва Обшорон баргузор гардид.

Рафти баргузории Аксия аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, шуъбаи маориф баҳогузорӣ гардид.     Мутобиқи ҷадвали баргузории Аксияҳо даври авали Аксияҳо то 5 майи соли равон идома хоҳад ёфт.

h3.jpgh2.jpg

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.