Аксияи «Сайри китоб» дар ноҳияи Ёвон

Printer-friendly versionSend by email

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи ҳаёт, ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хоса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фуpӯғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат ва иҷтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд. Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон, санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Хулоса, бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои коғаз низоми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Акнун ба ҷои сангу чӯб аз коғаз васеъ истифода мебаранд. Китоб асосан навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Аввалин дастнависҳо, ки дар Мисри Қадим пайдо шудаанд, ба таърихи ҳазораи то мелод марбутанд.

Бо ин мақсад дар ноҳияи Ёвон,  дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузор намудани рӯзҳои «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Саҳми ман дар пешрафту ободонии Ватан», бахшида ба «Соли ҷавонон» Аксия – намоиш таҳти унвони «Сайри китоб» тайи як ҳафтаи охир баргузор гардид.

Дар Аксияи мазкур тамоми китобхонаҳои ноҳия иштироки фаъолона намуда, китобҳои тозанашрро ба маърази тамошои наврасону ҷавонон гузоштанд.

Чунин Аксия дар толори Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки китобхонаи марказии ноҳия ва муассисаҳои таълимии  маркази ноҳия доир гардид, ки хело ҷолиб ва хотирмон буд.

Баргузории Аксияҳои мазкур то ҷамъбасти рӯзи «Созандагони Ватан» дар ноҳия идома хоҳад ёфт.

kut2.jpgkut3.jpg

Матни шарҳи шумо

Filtered HTML

  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Allowed HTML tags: <a> <em> <strong> <cite> <blockquote> <code> <ul> <ol> <li> <dl> <dt> <dd>
  • Lines and paragraphs break automatically.

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Web page addresses and e-mail addresses turn into links automatically.
  • Lines and paragraphs break automatically.
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.