АНДЕША. Оила дар натиҷаи издивоҷи ду нафар, яъне зану мард ба вуҷуд меояд. Писар ва духтаре бо амри тақдир, ё аз рӯи ишқу муҳаббат ақди никоҳ мебандад ва издивоҷи онҳо расмӣ мегардад. Онҳо қадамҳои нахустинашонро ба хонаи бахти хеш мегузоранд. Бояд шаҳсутуни хонаи бахти онҳо аз ишқу муҳаббат, меҳру садоқат ва гузашткардан аз хатои якдигар сохта шавад, вагарна он бино бебақо хоҳад буд.