БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ноябр 2021

ПАРЧАМ – АРЗИШМАНДТАРИН МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

ВОСЕЪ. Парчам мояи ифтихори миллӣ ва арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ пазируфта шуда, рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми соҳибтамаддуни мост, ки афрохта шудани он аз давлати соҳибистиқлолу соҳибватанӣ башорат медиҳад. Ин рукни муҳими давлатдорӣ моро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ намуд.

ЭЙ ДӮСТ, МУБОРАК АСТ РӮЗИ ПАРЧАМ!

ВОСЕЪ. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик  мебошад.

САВОЛУ ҶАВОБ МИЁНИ СОКИНОН

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, маълумот пайдо намудани шаҳрвандон оид ба моҳияти Парчами давлатӣ ва тарғиби Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия саволу ҷавоб миёни шаҳрвандон доир гардид.

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!

ВАХШ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, иҷроиши бандҳои нақшаи корӣ ва муаррифии Парчами давлатӣ дар байни сокинон Аксияи тарғиботӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!”  гузаронида шуд.

ПАРЧАМ РАМЗИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГИСТ

АНДЕША. Ҳамасола 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Парчами давлатии Тоҷикистон таҷассумгари даврони  соҳибистиқлолӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таъриху тамаддуни ғановатманд ва пурифтихорамон ба шумор меравад.

АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

ШАҲРИТУС. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва иштироки волонтёрони назди Кумитаи иҷроия Аксияи ҳизбӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шаҳрвандон дар боғи фарҳангии ноҳия, дар кӯчаву хиёбонҳои маркази шаҳраки Шаҳритус бо саволу ҷавоб доир намуда, инчунин шаҳрвандоне, ки ба саволҳо дуруст ҷавоб доданд, Парчами хурди давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  тақдим  карда шуд.

ВАРЗИШ БЕҲТАРИН ВОСИТАИ МУАРРИФИИ МИЛЛАТ АСТ

ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” байни хонандагони Литсейи давлатии №2-и шаҳр, мусобиқаи шоҳмот ва бозии волейбол гузаронида шуд.

ПАРЧАМ - РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ

ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ҷамоати деҳоти Қаҳрамон  дар мавзӯи “Парчам рамзи муқаддаси миллӣ” ҳамоиш бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ  баргузор гардид.

ПАРЧАМАТ ТО АБАД ПАРАФШОН БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

АНДЕША. Парчами давлатӣ  рамзи истиқлолияту якдилӣ маҳсуб ёфта аз қадим ифодагари  муттаҳидӣ  ва ягонагии  ҳар халқияту  миллат мебошад.  Дарвоқеъ Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдории мо тоҷикон буда,  аҷдодони мо ҳанӯз аз  даврони Каёниён соҳиби ливои худ  буданд, ки соҳибдавлат  буданамонро ифода мекард.

ПАРЧАМИ НОМУСУ НАНГ

Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,

Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.

Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст,

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg