ФАРХОР. Дар доираи нақша - чорабиниҳо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва қувваи барқ бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия гардиш доир намуданд.
Н.ХУСРАВ. Бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни муқаддаси 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои ободонию созандагиро дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор намуда истодаанд.
АНДЕША. Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби фарҳангу бою ғанӣ буда, дар бобати давлатдорӣ мақому ҷойгоҳи худашро дорад. Шоҳасари безаволи ҳазрати Фирдавсӣ – Шоҳнома, ки болои он 30-соли рассо заҳмат кашид, бори дигар аз қаҳрамониҳою муборизаҳои адолатхоҳонаи ин миллат дар тӯли ҳазорсолаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад.
АНДЕША. Модар барои ӽар инсон азизтарин кас аст зан модар барои башарият аз олитарин неъматӽои Худост, ӯ шабу рӯз нигаӽбони ӽаёту созандаи миллат аст. Модар беӽтарин муъҷизаи парвардигор аст.
ПАНҶ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия таҳти унвони “Истиқлолият асоси бақои миллат” вохӯрӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, муовинони раис, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон ва роҳбарони ташкилоту идораҳо иштирок доштанд.
ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии фарҳангӣ зери унвони "Даҳаи тантанаҳо" дар деҳаи Турдишайхи ҷамоати деҳоти Озодагон баргузор карда шуд.
ПАНҶ. Ба истиқболи ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Панҷ рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле калон ва шоистаи таҳсин аст.
АНДЕША. Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди тоҷик дар арафаи ҷашни таърихӣ, яъне 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-соли бурдбориҳо, 30-соли муваффақиятҳо ва 30-соли азму талошҳо баҳри расидан ба зиндагии шоиста қарор дорад.
АНДЕША. Воқеаҳои Афғонистон имрӯзҳо дар саросари олам расонаӣ гардида, мавриди баҳсу нигарониҳо гаштааст. Мардуми Афғонистони ҳамсоя беш аз 40-сол аст, ки аз фазои ноором, хунрезиву террорҳои ғайричашмдошт ва низоъҳои мусаллаҳона азият мекашанд.
КӮШОНИЁН. Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён корҳои созандагӣ ва ободонӣ ба охир расид
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12