АНДЕША. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоӣ ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ҳалқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳёи давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибҳираду соҳибэҳтиром буда, рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад.