АНДЕША. Вақте сухан дар бораи либоси миллӣ меравад, симои зан-модари тоҷик бо сару либоси хосаи зебо пеши назар меояд. Либоси миллӣ ин тараннумгари фарҳанги волои миллат аст. Зан-модари тоҷикро дар навбати аввал аз тарзи либоспӯшиашон мешиносанд. Чакану атлас зеби духтари тоҷик буда, ҳар як нақшу ранги вай гуфтании худро дорад ва ба ҳусни зебои духтари тоҷик зебогии дигарро зам мекунад.