БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Август 2021

ДАҲАИ ТАНТАНАҲО ТАНИНАНДОЗ АСТ

КӮШОНИЁН. Дар майдони Исмоилӣ Сомонӣ ноҳияи Кӯшониён бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ - фарҳангӣ зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” ташкил ва баргузор карда шуд.

«ДАҲАИ ТАНТАНАҲО» ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

ҚУБОДИЁН. Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ зери унвони “Даҳаи тантанаҳо” бо иштироки намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои фаъоли ҳизбӣ, собиқадорон дар назди бинои Қасри Фарҳанги ноҳия баргузор гардид.

САҲМИ БОНУВОНИ НОҲИЯИ ЁВОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ АРЗАНДА АСТ!

ЁВОН. Ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари соҳибистиқлоли мо тантанаҳои ҷашнӣ бо баргузории чорабиниҳои  маърифатию оммавӣ, конфронсу мизҳои мудаввар, маҳфилу шабнишиниҳо миёни тамоми қишрҳои ҷомеа бо маром идома дорад.

ИФТИХОР ДОРАМ БАРОИ САЗОВОР ГАШТАН ДАР ЧУНИН МАҲФИЛ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

АНДЕША.  Маҳфил - озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “ Нақши китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва илмӣ таҷлил намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои  10 - 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида  шуд.

БАРГУЗОРИИ “ РӮЗИ ЁДОВАРӢ ”

ДАНҒАРА. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара санаи 29.08.2021,  дар асоси Нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони  “Рӯзи ёдоварӣ ”  дар Оромгоҳи  деҳаи Рахшонзамини ҷамоати деҳоти Корез  бо ҷалби сокинони деҳаи Рахшонзамин, кормандони Кумитаи Иҷроияи Ҳи

АКСИЯИ “ РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР ДАНҒАРА

ДАНҒАРА. Дар доираи “Даҳаи тантанаҳо” ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, аъзои фаъоли ҲХДТ,  дар оромгоҳи  ҷамоати деҳоти Пушинги деҳаи  Шар – шар, Амалиёти умумивилоятии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи Ёдоварӣ” баргузор гардид.

ВОХӮРИИ СОБИҚАДОРОНИ ҲХДТ БО ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ

ВОСЕЪ. Дар асоси нақшаи мулоқоту вохуриҳои гурӯҳи кории Шурои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Даҳаи тантанаҳо”  дар ноҳияи Восеъ  вохӯрии собиқадорони ҲХДТ бо фаъолони ҳизб  баргузор карда шуд. 

МО ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ!

ВОСЕЪ.  Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ кӯчаҳои маҳаллаҳо дар ноҳияи  Восеъ сангфарш карда шуда истодааст.

ФИНАЛ: “БАҲОР” Ё “УРГУТМАҲАЛЛА”: БАРАНДАИ ҶОМ МЕШАВАД?

БОХТАР. Дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Бохтар марҳилаи нимниҳоии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” миёни дастаҳои ғайрикабсии шаҳри Бохтар доир гардид.

ҲИЗБИЁН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ҲАШАР БАРОМАДАНД

БОХТАР. Дар доираи сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии “Маҳаллаи Сарчашма”, “Роҳнамо” ва “Зироаткорӣ” ба ҳашари умумӣ баромаданд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg