АНДЕША: Ҳамасола 27-июн Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин рӯз танҳо як рӯзи ид не, балки санаи тақдирсозу сарнавиштсози миллати мо буда, дар расидан ба он саъю талошҳои пайгирона ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши мондагор дорад.