ЁВОН. Дирӯз бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Обшорон” Абдукаримов Нуриддин ва бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатманди ҳудуди ҷамоат, бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ба 70 нафар ятимону маъюбон ва шахсони ниёзманди деҳаи Парчасой кумакҳои яквақтаина расонида шуд.