АНДЕША. Имрӯзҳо дасти кумак дароз кардан ба қишри осебпазири ҷомеа аз тарафи соҳибкорону ашхоси ҳимматбаланд ва дигар шахсони саховатпеша ба анъанаи неки инсонӣ табдил ёфтаву ба назар мерасад, ки бисёр боиси хурсандӣ ва таҳсин аст. Ин рафтори саховатмандона аҳамияти маънавию ахлоқӣ дошта, дар байни ҷомеа меҳру муҳаббатро нисбати якдигар зиёд гардонида, то як андоза ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа мусоидат мекунад.