Август 2017

Озмуни рассомони наврас дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар асоси нақшаи чорабиниҳои Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони  Ватан», дар якчоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр, дар давраи таътили тобистона озмуни рассомони наврас байни мактаббачагон бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

«Шоми Истиқлол» дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо то 9 - сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Қӯрғонтеппа барномаи консертии  идона  доир карда шуд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ сокинони шаҳр аз ҳама маҳаллаҳо, кормандони муассисаву корхонаҳо ҷамъ омада, аз суруду таронаҳои дилнишини ҳунармандони пуртаҷриба баҳра  бурда истодаанд.

«Дарси сулҳ» -и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Қӯрғонтеппа  пахши мустақими  «Дарси сулҳ» -и Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро бо як диққати хоса тамошо  карданд.

Омодагиҳо баҳри истиқболи сазовори ҷашн

Дар  ноҳияи  Мир  Саийд  Алии  Ҳамадонӣ бо  ибтикори  раиси  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии Корхонаи фаръии давлатии коммуналии ноҳия дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳия  бахшида  ба истиқболи 26-умин  солгарди  Истиқлолияти давлатии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар тамоми кӯчаҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳот шиору овезаҳо насб карда шуданд. Дар қисме аз шиору овезаҳо рамзи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва даъватҳои ҳизбӣ истифода карда шудаанд.

Ҳадяи идона дар ҷашни Истиқлолият

ani.pngБо  иқдоми неки узви фаъоли  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бадриддин Садриддинов ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз соҳиби бинои боҳашамату замонавии  иборат аз 14 утоқи корӣ, китобхона ва толори маҷлисгоҳ барои 400 нафарро соҳиб гашт.

Миннатдории волидайн ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон

Барои  фароҳамсозии шароит ва ҳалли мушкилоти табақаҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимон, бепарасторон, кӯдакон аз  оилаҳои камбизоат ҷиҳати таъмини либос ва лавозимоти мактабӣ, бахшида ба «Рӯзи дониш»,  дар саҳни бинои Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Роҳ ба сӯи мактаб» баргузор гардид.

Худ ва наздикони хешро зери хатар магузор!

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Бохтар ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷавонон ва варзиш», бо мақсади пешгирӣ намудани нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва зарари он ба саломатӣ, суҳбату вохӯриҳои судманд ташкил ва гузаронида шуда истодааст.

Дарси сулҳи Пешвои миллат дар ифтитоҳи бинои Академияи милитсия

Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо руҳияи болида ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пахши мустақими телевизиониро, ки он бо иштироки Пешвои миллат бинои наву замонавии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, якҷоя бо Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони В

Аз фаъолияти гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ дар ноҳияи Қубодиён

Гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён   тибқи нақша –чорабиниҳо  бо сокинони  деҳа вохӯрӣ доир намуд.

Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Пешвои миллат-ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон”

Бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар  якҷоягӣ  бо Комиссияи  кор бо ҷавонони ноҳияи Қубодиён дар  ҷамоати деҳоти Тахти Сангин  бо ҷавонону  сокинони  деҳаҳои ҷамоати болозикр  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  ” Пешвои миллат-ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон”  баргузор намуда,  ба ҷамъомадагон  маводҳои таблиғотии  ҳизбиро  тақсим  намуданд.  Пас аз анҷоми   Аксияи мазкур  оид ба  тарғибу ташвиқи  10 – солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷум

Pages

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.