Июл 2017

Таблиғот тавасути созандагӣ ва бунёдкорӣ

 Бо  ташаббуси  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи  Бохтар, тибқи  баргузории  нақша  ва чорабиниҳои  таблиғоти  таҳти  шиори   «Таблиғот тавассути  созандагиву бунёдкорӣ»  ҳар  ҳафта  рӯзҳои  шанбе  ҳашарҳои  умумӣ  гузаронида  мешавад.Ҳамаи  мардуми  кӯчаву  маҳал,  роҳбарони  корхонаву  ташкилотҳо  ба  корҳои  ободонӣ,  созандагиву  бунёдкорӣ,  тозаву  озода  намудани  маҳалли  зист,  назди  идораву  муассисаҳо,  гулу  гулзор  ва  кабудизоркунӣ  машғул  мешаванд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Сарбанд

Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Сарбанд, дар якҷоягӣ бо  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, гурӯҳи кории таблиғотчиён, дар толори ташкилоти ибтидоии КВ “Пойгоҳи вагонҳои боркаш”-и №3 дар  шаҳри Сарбанд бо аъзо ва  ҷонибдорони ҲХДТ  бахшида ба 10- солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими  анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон” вохӯрӣ баргузор намуданд.

Ҳамоиши бонувон ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Норак

Бо ҷалби занони фаъол аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, Шӯрои занони ҷамоатҳои деҳот ва минтақаҳои манзилии шаҳр, занони хонанишин, модарони рӯзгордида, ҷавондухтарон ҳамоиши бахшида ба 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир  гардид.

Маҷлиси раёсат баргузор гардид.

Рӯзи 26 июли соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, таҳти раисии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Аҳмадҷон Ализода маҷлиси Раёсат баргузор гардид.

Танзим баракати зиндагист!

 ani.pngБо ташаббуси бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Бохтар миёни занону духтарони ҷамоатҳои  шаҳраку деҳоти  ноҳия   оид ба дастуру супоришҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳта

БАРГУЗОРИИ «ШОМИ ИСТИҚЛОЛ» ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия  ҳар ҳафта, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия, чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «ШОМИ ИСТИҚЛОЛ» баргузор гашта истодааст. Дар чорабинии мазкур аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштироки фаъолона дошта, бо намоиши дастовардҳои даврони истиқлолият ва барномаи консертӣ табъи ҳозиринро болида мегардонанд.

Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи комиссияҳои кор бо занону ҷавонон ва Бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Дар  толори Муассисаи «Китобхонаи оммавии ба номи Ш.Шоҳини вилояти Хатлон  ҷамъбасти  фаъолияти шашмоҳаи комиссияҳои кор бо занону ҷавонон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Танзим ва арзишҳои миллӣ

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон,  дар толори Муассисаи давлатии  «Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин, ба муносибати 10- солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши  намояндагони  ҳизбу ҳаракатҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои динӣ, марказҳои миллӣ-фарҳангӣ ва дигар  намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Хатлон баргузор гардид.

ҲИЗБИ МО ИФТИХОРИ МОСТ!

Дар ноҳияи Бохтар сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамарӯза зиёд шуда  истодааст.

Pages

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.