Роҳбарият

Printer-friendly versionSend by email

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ-Раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар вилояти  Хатлон

Rahmonzoda.jpgРаҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, санаи 21 феврали соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 2000 ба бахши рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2005 бо гирифтани дипломи аълочӣ (сурх) хатм менамояд.

Фаъолияти меҳнатии худро дар кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналхалқии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳозира Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон) шурӯъ намуда, ба ҳайси ассистент ва муаллими калон фаъолият намудааст.

Соли 2009 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки Раҳмонзода Абдулло фаъолияти меҳнатии худро дар ин муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ идома дода, дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъба, сармутахассиси шуъба ва муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкорӣ кору фаъолият намудааст.

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ муаллифи чандин мақолаҳои илмию оммавӣ ва ҳаммуаллифи тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва тафсири Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» мебошад, инчунин мураттиби маҷмуа ва маводҳои тарғиботию ташвиқотӣ барои гурӯҳҳои тарғиботии ҳизбӣ мебошад.

Соли 2011 дар Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсии Осиё дар Ҷумҳурии халқии Хитой, солҳои 2012 ва 2014 дар Форуми байналмилалии ҷавонон «Авруосиёи ҷавон» дар Ҷумҳурии Арманистон ва соли 2017 дар сессияи махсуси ҷавонони кишварҳои иштирокчии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат ва суханронӣ намудааст.

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ аз моҳи январи соли 2013 дар Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати ҳуқуқшинос, ҳамзамон аз моҳи июли соли 2015 ба ҳайси Раиси созмони ҷавонони ҳизб «Созандагони Ватан» кору фаъолият менамояд.

Санаи 13 декабри соли 2014 дар Анҷумани 12 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ гардидааст.

Бо пешниҳоди  Раиси муаззами ҳизбамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ дар маҷлиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯзи 11 августи соли 2017 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон интихоб гардиданд.

Оиладор соҳиби чор фарзанд мебошад.

 

Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом-Муовини раис-Роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

nemat.jpgИброҳимов Неъматулло Абдусаломович 31 марти соли 1977 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст, миллаташ, тоҷик, маълумоташ, олӣ, соли 1999 факултаи хуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 1999 то соли 2002 ба ҳайси омузгори фани таърих ва ҷомеашиносии мактаби асосии №41-и ноҳияи Қумсангир оғоз намудааст. Аз соли 2002 то соли 2004  дар вазифаи сармутахассиси шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ва аз соли 2004  то соли 2006 роҳбари дастгоҳ-мудири шӯъбаи ташкилии  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва аз соли 2006 то соли 2010 роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  кор кардааст.

Аз моҳи январи соли 2012 то инҷониб ба ҳайси муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  фаъолият намуда истодааст.

Барои фаъолияти бисёрсола дар ин соҳа ва барои хизматҳои шоён дар амалӣ гардидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ, таҳкими ваҳдат ва суботи сиёсӣ, худшиносии миллӣ, саҳми арзанда дар баланд бардоштани эътибору нуфузи ҳизб, иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ соли 2014 бо ифтихорномаи Раиси ҲХДТ,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Шомудинова Шаҳло Хоҷамқуловна-Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти хатлон

shahlo.jpgШомудинова Шаҳло Хоҷамқуловна 9 ноябри соли 1971 дар шаҳри Сарбанд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.  Соли 1978 ба мактаби миёнаи №5-и шаҳри Сарбанд  ба синфи якум рафта, онро соли 1988 хатм намудааст. Соли 1989 ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав ба факултаи  педагогика ва методикаи ибтидоӣ дохил шуда, факултаи номбурдаро  соли 1993 бо ихтисоси  омӯзгор хатм намуда, моҳи майи соли 1993 корро дар шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҳукумати шаҳри Сарбанд ба ҳайси мудир оғоз намудааст. Дар  ин шуъба то  соли 2007 корро давом додааст.

Аз 14 августи  соли 2007 ба вазифаи муовини раиси шаҳри Сарбанд таъин карда шуда, то соли 2012 дар ин вазифа фаъолият намуда, 1 феврали соли 2012 ба тариқи гузариш ба вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд кор кардаст. Аз 18 июни соли 2012 то ҳол дар вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият дорад.

Барои фаъолияти бисёрсола дар соҳаи иҷтимоӣ ва барои хизматҳои шоён соли 2007 ба унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2011 ба унвони «Аълочии фарҳанг» аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Дар амалӣ гардидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ, таҳкими ваҳдат ва суботи сиёсӣ, худшиносии миллӣ, саҳми арзанда дар баланд бардоштани эътибору нуфузи ҳизб, иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ соли 2014 бо Ифтихорномаи муовини Раиси ҲХДТ сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд

Шомуродзода Саидаъзам Хуҷамурод-Сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

haji.jpg Шомуродзода Саидаъзам Хуҷамурод 5 июни соли 1977 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст.  Соли 1984 ба мактаби миёнаи №35-и ноҳияи Бохтар  ба синфи якум рафта, онро соли 1994 хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав ба факултаи  иқтисодӣ дохил шуда, факултаи номбурдаро  соли 1999 бо ихтисоси  баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ хатм намуда, моҳи августи соли 1995 корро дар Муассисаи нақлиётии  автомобилии №39-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси  ҷонишини  сармуҳосиб оғоз намудааст. Дар  ин муассиса то моҳи феврали  соли 1997 корро давом додааст.

Аз 15 феврали  соли 1997 дар мактаби асосии №70-и ноҳияи Бохтар мудири бахши  хоҷагӣ ва аз 20 апрели соли 2001-ум ба сифати котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии  вилояти Хатлон  то моҳи июли соли 2001 кор карда,  ба тариқи гузариш ба вазифаи мутахассиси пешбар, мутахассиси калони Суди иқтисодии вилояти Хатлон  то соли 2005 фаъолият намудааст. Соли 2005 ба вазифаи  мутахассиси шуъбаи таблиғот, умумӣ ва бақайдгирии Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият намудааст. Аз моҳи октябри соли 2005-ум ба соҳибкорӣ  машғул шуда, аз моҳи июли соли 2006-ум ба ҳайси мутахассиси шӯъбаи  фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи  Бохтар ва ба тариқи гузариш аз моҳи апрели соли 2007- ум ба вазифаи мудири бахши Агентии  давлатии суғуртаи  иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Бохтар  фаъолият кардааст.

Соли  2008-ум ба вазифаи мудири бахши молиявию хоҷагидории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва аз апрели соли 2009-ум то инҷониб ҳамчун сармуҳосиби  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон кору фаъолият дорад.

Оиладор соҳиби 5 фарзанд

Худойназаров Соҳибназар-Мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

sohib.jpgХудойназаров Соҳибназар 21 апрели соли 1951 дар шахри Кургонтеппа дар оилаи дехкон таваллуд шудааст.  Соли 1958 ба синфи якуми мактаби миёнаи № 3-и шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шуда, баъдан хонишро дар мактаби миёнаи № 7-и шаҳри Қӯрғонтеппа давом дода,  мактаби миёнаро соли 1968  хатм намудааст.  Худи ҳамон сол ба факултаи механика ва математикаи  Университети давлатии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1973 Университетро  бо ихтисоси математик хатм намудааст. Баъди хатми Донишкада  аз соли 1973 то соли 1975  дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Иттиҳоди Шӯравӣ  дар вилоятҳои  Семипалатинск ва  Талди-Қурғони  Қазоқистон ба ҳайси афсар хизмат намудааст.

Соли 1975 баъди  адои хизмати ҳарбӣ  ба мактаби миёнаи  рақами 7-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба сифати муаллими  фанни математика  ба кор дохил  шудааст.

Моҳи августи соли 1978  ба шуъбаи ҳифзи  иҷтимоии  Комиҷроияи вилояти Қӯрғонтеппа ба кор  даъват  гардида,  худи ҳамон сол  ба шуъбаи  ташкилии  Кумитаи иттифоқи  касабаи  коркунони хоҷагии қишлоқи вилояти Қӯрғонтеппа ба кор гузашт.  Баъд аз соли 1983 ҷонишини мудири шуъба  ва соли 1984 мудири шуъбаи  суғуртаи иҷтимоии  давлатии  Кумитаи вилоятӣ шуда кор кардааст.

Соли 1988 баъд аз ташкил шудани  вилояти Хатлон  ба сифати мудири шуъбаи  суғуртаи иҷтимоии  давлатии  шӯрои иттифоқҳои касабаи  вилояти Хатлон  кор карда, соли 1996 ҷонишини раиси Кумитаи  иттифоқи  касабаи  коркунони Комплекси агросаноатии  вилояти Хатлон  интихоб шуда, то соли 2005 дар ин вазифа кор кардааст.

Моҳи июни соли 2005 ба тариқи гузариш  ба вазифаи  мудири шуъбаи  корҳои ташкилӣ  ва маданию оммавии  Шӯрои  иттифоқҳои касабаи  вилояти Хатлон қабул гардид.

Аз соли 2007 то соли 2010 директори ҶДММ «Насиб»-ро ба уҳда дошт.

Оиладор, падари 6 фарзанд мебошад.

 

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.