Конференсияҳо

Printer-friendly versionSend by email

Конференсияҳои  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон    дар  вилояти  Хатлон

Моҳи июли  соли  1998  Конференсияи  1- уми  муассисони  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон  дар  бораи   созмон  додани   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар   вилояти   Хатлон,  қарор   қабул  намуд.

17  сентябри  соли  1999  Конференсияи  дуюми  ҲХДТ  дар   вилояти  Хатлон  ҳисоботи   Кумитаи  иҷроияи   ҲХДТ дар вилояти  Хатлонро  оиди  тайёрӣ   ва  гузаронидани  райпурсии    умумихалқӣ  оид  ба  тағйироту иловаҳо  ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб намудани вакилон ба Анҷумани 5-уми ҲХДТ  оиди пешбарии  номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карданд.

15 апрели соли 2000-ум Конференсияи  3-юми  ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Хатлон  «Дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои ҲХДТ дар марҳалаи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»  ва «Пешбари кардани вакилон ба Анҷумани 6-уми ҲХДТ» мавриди баррасӣ қарор дод.

25 августи соли 2001 Конференсияи 4- уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон  вазифаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятиро  дар шароити созандагӣ ва бунёдкорӣ,  пешниҳодотро  барои баровардани тағйироту иловаҳо ба  Оинномаи ҲХДТ, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроия, интихоби вакилонро ба Анҷумани 7- уми ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дод. Ноябри соли 2004 Конференсияи 5- уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон масъалаи пешбарии вакилонро  ба Анҷумани 8- уми ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дод.

19 августи соли 2006 Конференсияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, маърӯзаи раиси Кумитаи иҷроияи вилоятиро шунида,  ва ҳайати вакилонро  ба Анҷумани 9- уми ҲХДТ пешниҳод намуд.

12 декабри соли 2009 Конференсияи 7- уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳисоботи Кумитаи иҷроияи вилоятро  шунида, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроия, комиссияи  тафтишотӣ ва интихоби вакилонро ба Анҷумани 10- уми ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дод.

12 июли соли 2012 Конференсияи 8- уми ҳисоботӣ-интихоботии ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

14 сентябри соли 2013 Конференсияи 9- уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон вакилонро ба  Анҷумани 11- уми ҲХДТ  ҷиҳати омодагӣ ба интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.

10  ноябри соли 2014 Конференсияи 10- уми ҳисоботӣ-интихоботии ҲХДТ дар вилояти Хатлон  баргузор гардида, вакилонро ба  Анҷумани 12- ум пешбарӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.