Барномаҳо

Printer-friendly versionSend by email
БАРНОМАИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
(Муҳимтарин самтҳои пешрафти мамлакат дар солҳои 2010-2015)
 
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти худро барои ободии имрўзу фардои Ватану миллат ва таъмини зиндагии шоистаи ҷомеа ба хубӣ дарк намуда, эълон менамояд, ки самти ҳаракати мо дар роҳи бунёди давлати босубот ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаю кафили шароити ҳатмии иҷтимоии шаҳрвандон тағйирнопазир ва бебозгашт аст. Вазъияти бо суръати тез тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таҳаввулоту дигаргуниҳо дар ҳаёти байналмилалӣ моро на фақат аз роҳи пешгирифтаамон бознамегардонанд, балки водор мекунанд, ки барои ба даст овардани ҳадафи олӣ боз ҳам қотеъонатар, муттафиқонатар ва муташаккилонатар талош кунем.
 
ҲХДТ аз ҳамин мавқеъ Барномаи худро барои панҷ соли ояндаи тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва омода аст, ки дар ин замина сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва Президенти мамлакатро таъмин намояд.
 
Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ натиҷаи таҳлилҳои амиқу доманадори ҳамаи паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа мебошад. Он масъалаҳоеро фаро гирифтааст, ки аз муҳимтарин ҳадафҳои барномавии ҳизб бармеоянд ва нигоҳи моро ба роҳи пешрафти мамлакат дар давраи минбаъда таҷассум месозад.
 
Барномаи пешазинтихоботӣ роҳҳои дастёбӣ ба муҳимтарин ҳадафу вазифаҳои ҲХДТ-ро дар бар гирифта, он вазифаи ҳар фардро дар рушди иқтисодиёт ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ бо такя ба фарҳангу анъанаҳои мардуми тоҷик ва дигар миллатҳои Тоҷикистон муайян менамояд ва он нақшаи фаъолияти давраи нави мақомоти намояндагии кишвар дар ҳалли масоили ҳалталаби ҷомеа мебошад.
 
ҲХДТ чун ҳизбе, ки ҳакиқату адолатро маҳаки фаъолияташ қарор додааст,талош мекунад, ки дар заминаи дастёбӣ ба рушди устувори иқтисодии кишвар сатҳи камбизоатии мардумро минбаъд ҳам коҳиш дода, зиндагии тоҷикистониён зимни ислоҳоти пайгиронаи низоми ҳифзи иҷтимоӣ боз ҳам беҳтару осудатар гардонида шавад.
 
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон садоқаташро ба принсипҳои соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ, худидоракунӣ ва ошкорбаёнӣ дар фаъолияти сиёсӣ таъкид мекунад ва барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ, ки Раиси ҲХДТ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ин иқдом гардидаанд, тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад. ҲХДТ дар ҳамаи дигар ҷанбаҳои фаъолияти сиёсӣ, аз ҷумла зимни пешбарӣ кардани номзадҳо ба вакилӣ, ширкат дар фаъолияти қонунгузории Парламент тавассути намояндагонаш, ба воситаи кори амалии аъзои хеш ва бо роҳи шарҳу тавзеҳи густурдаи ҳадафҳои ҳизб дар доираи имкониятҳои муқаррарнамудаи қонун ба мавқеи усулии худ вафодор хоҳад буд.
 
«Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон!» шиори имрўз ва панҷ соли минбаъдаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст.
 
Сиёсат. Таҳкими равандҳои демократӣ
 
Суботи ҷомеа, ҳамкорӣ ва рақобати солими нерўҳои сиёсӣ барои касби нуфуз ва қудрати давлатӣ муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистони озоду демократӣ аст. Бинобар ҳамин минбаъд ҳам яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҲХДТ ҳифзи дастовардҳо, густариши равандҳои демократӣ дар ҷомеа, вусъат бахшидани ғояву арзишҳои миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ байни ҳамаи табақаҳои аҳолии мамлакат мебошад. Ҳамкории судманди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ омили суботи сиёсӣ дар ҷомеа аст.
 
ҲХДТ барномаи мушаххаси фаъолияташро доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон пешниҳод менамояд ва ҷонибдори таҳкими минбаъдаи мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. ҲХДТ чунин мешуморад, ки бояд дар ин замина барномаи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон таҳия гардад ва дар он масъалаҳои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ҳамкории мақомоти давлатӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ танзим ёбанд.
 
1. Рушди устувори демократия
 
Дар давоми 15 соли фаъолияти ҲХДТ дар мамлакат ба туфайли ҳамкорӣ ва саъю талоши ҳамаи нерўҳои равшанфикру хайрхоҳ, махсусан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пойдевори мустаҳками рушди устувори демократия гузошта шуд, ки заминаро барои ба сафи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гардидани мамлакат фароҳам овард.
 
Барпо намудани низоми сиёсие, ки дар заминаи мустақилияту тақсими қудрат миёни се шохаи ҳокимият поягузорӣ мешавад, интихоботи озоду демократӣ, қабули арзишҳои умумибашарию меъёрҳои эътирофгаштаи ҳуқуқҳои инсон, стандартҳои байналмилалии ҳуқуқу озодиҳои сиёсию шаҳрвандӣ, дар сатҳи қонунӣ ва амалан татбиқ гардидани принсипи дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, роҳ надодан ба маҳдудиятҳои сиёсӣ ва миллию мазҳабӣ дар ҷамъият, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф нашудани ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ, ҳамчун меъёри демократӣ пазируфта шудан ва ҷонибдорӣ гардидани озодандешӣ,раъйдиҳии озодонаи шахс, озодии ахбору иттилоот, ташаккул додани воситаҳои мустақили ахбор, сиёсати «дарҳои кушода» аз ҷумлаи комёбиҳое мебошанд, ки барои ба фазои ҷаҳони мутамаддин ворид гардидани Тоҷикистон мусоидат намуда, обрўю эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
 
2.Ислоҳот ва баланд бардоштани самараи низоми идораи давлат
 
Баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз зинаҳои поён то боло, таъмини волоияти қонун ва низоми ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҳизб ба ҳисоб меравад.
 
Бо ин мақсад ҲХДТ зимни кўшишҳои минбаъда барои таҳкими ҳокимияти президентӣ ҳамчун омили суботи сиёсӣ дар ҷомеа ба хотири идомаи ислоҳот дар низоми идораи давлат, таъмини самараи фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти қудратӣ, баланд бардоштани масъулияти сиёсии ҳамаи шохаҳои ҳокимият, бахусус ҳокимияти иҷроия, номгўи тадбирҳои заруриро таҳия намуда, ба ҳукумати мамлакат пешниҳод мекунад.
 
3.Такмили қонунгузорӣ
 
Таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҲХДТ мебошад. Раванди такмили заминаҳои ҳуқуқӣ бояд бо дарназардошти талаботи рўзафзуни ҷомеа,ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа дар заминаи илмӣ сурат гирад.
 
ҲХДТ тасмим гирифтааст, ки тавассути намояндагони худ дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории давлат дар мўҳлати даъвати оянда консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Тоҷикистонро таҳия ва қабул намуда, дар асоси он оид ба қабули қонунҳои нав ва такмили як қатор қонунҳои амалкунанда иқдом мекунад. Аз ҷумла:
 
- барои баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ҷиҳати таъмини талаботи гузаронидани экспертизаи дақиқи илмӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаи қонунҳо ҳангоми таҳияи онҳо;
 
- бо мақсади такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ, ки боиси рушду такомули низоми нави ҳукуқии муносибатҳои бозаргонӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва низоми пешрафтаи иқтисодӣ мегардад, оид ба муқаррар намудани ҷавобгарӣ барои амалҳое, ки боиси бунёди монеаҳо барои ташаккул ва рушди соҳибкории хурду миёна мегардад, такмили Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъини ҷазои ҷарима барои ҷиноятҳои иқтисодӣ ҳангоми ихтиёран барқарор намудани зарари расонидашуда;
 
- бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои манзилии шаҳрвандон оид ба Кодекси манзил дар таҳрири нав ва бунёди заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкории давлатию шахсӣ дар сохтмони биноҳои истиқоматӣ, ки ба қишрҳои камбизоат дастрас бошанд;
 
- силсилаи қонунҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, хусусан оид ба татбиқи ислоҳоти низоми нафақа, таҷдиди низоми маориф, ҳифзи саломатии аҳолӣ, тибби оилавӣ,эмкунии аҳолӣ;
 
- такмили қонунгузории соҳаи меҳнат бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии иқтисодии корфармоён вобаста ба ҳифзи меҳнат, кам кардани осебҳои садамавӣ (травматизм) ва бемориҳои касбӣ;
 
- бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари ҳокимияти давлатӣ оид ба такмили сохтори идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо дарназардошти аслҳои «худдорӣ ва муқовимат» ва «ҳокимият ва итоат».
 
Инчунин Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонунҳо эътибори ҷиддӣ дода, бо ин мақсад санадҳои қонунгузории Тоҷикистонро ҳаматарафа таҳлил намуда, барои аз байн бурдани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ ва таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас меандешад.
 
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон,эҳтиром ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо дар тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои миёнаву олӣ, инчунин дар байни аҳли ҷомеа Барномаи давлатӣ доир ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, дастрасии шаҳрвандон барои гирифтани маълумот оид ба қонунгузорӣ аз Интернет таъмин карда мешавад.
 
4.Худидоракунии самарабахш дар маҳал
 
ҲХДТ ҷонибдори бунёди низоми самарабахши худидоракунии маҳаллӣ мебошад, ки он асоси ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил дода, ба тақвияти ташаббускории шаҳрвандон, бештар сохтани масъулияти онҳо барои вазъи кор дар ҷои зисташон мусоидат менамояд. Қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» барои ин заминаи лозимиро фароҳам овардааст.
 
ҲХДТ дар марҳалаи минбаъда барои тақвияти худидоракунии маҳаллӣ иҷрои чунин вазифаҳоро зарур мешуморад:
 
- таҳкими асосҳои молиявии низоми худидоракунии маҳаллӣ;
 
- қабули санадҳои меъёрӣ оид ба шаффофияти механизми хароҷоти маблағи буҷет;
 
- тавассути озмунҳо ба роҳ мондани харидории лавозимоти мавриди ниёзи шаҳру ноҳияҳо;
 
- такмили феҳрасти молу мулки давлатӣ дар маҳал;
 
- таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
 
- аз байн бурдани имкони сар задани ҷиноят дар соҳаи буҷетию молиявии маҳал.
 
5.Озодии сухан дар воситаҳои ахбори омма
 
ҲХДТ озодии сухан дар воситаҳои ахбори оммаро омили муҳими рушди ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёд меҳисобад.
 
Бо кўшишҳои ҲХДТ ва роҳбарияти олии он заминаҳои ҳуқуқии рушди воситаҳои ахбори оммаи хусусӣ ба вуҷуд оварда шуд, миёни зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ ва расонаҳои хабарӣ равобити зич ва ҳамкорӣ ба миён омад.
 
Дараҷаи озодии ВАО-ро дар Тоҷикистон созмонҳои байналмилалӣ назар ба аксари кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил болотар арзёбӣ мекунанд.ҲХДТ тўли солҳои охир ба содда кардани низоми сабти ном, додани иҷозатномаи фаъолият, аз байн бурдани монеаҳо дар фаъолияти ВАО, баргузории нишастҳои матбуотӣ ва вокуниши ҳатмию саривақтии роҳбарияти мақомоти давлатӣ ба баромадҳои танқидии матбуот муваффақ гардид. Ҳамин тавр, давлат ҳуқуқ ва амнияти шахсии журналистонро кафолат дода, пуштибонии хешро аз рисолати созандагии ВАО бо иқдомҳои нав ба нав таҳким мебахшад.
 
ҲХДТ кўшиш хоҳад кард, ки фазои иттилоотии кишвар минбаъд боз ҳам озодтар ва ғанию рангинтар гардонида шавад. ҲХДТ барои таъмини амнияти иттилоотии кишвар ва пешгирии ҳар гуна ахбори ғайривоқеӣ ва муғризона саъю талош меварзад.
 
6. Ҷомеаи шаҳрвандӣ
 
Яке аз масъалаҳои муҳим мусоидат намудан ба ташаккули институти ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин замина мақсади мо ташкили муколамаҳо ва ҳамкории доимию судманд миёни давлат ва «бахши сеюм» аст.
 
ҲХДТ ҷонибдор аст, ки заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ боз ҳам қавитар гардонида шаванд.
 
Аммо дар айни замон ҲХДТ зидди созмонҳои ҷамъиятие мебошад, ки ба фаъолияти сиёсӣ даст зада, ҳадафҳои ғайриқонунии ҷинояткорона доранд ва мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор созанд.
 
7. Мубориза ба муқобили коррупсия пояҳои давлатдориро тақвият мебахшад
 
ҲХДТ коррупсияро ҳамчун воқеияти нангини ҷомеа арзёбӣ намуда, бар ин назар аст, ки ришваю фасод ва сўиистифода аз мансаб дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ пояҳои давлатдориро заиф сохта, ахлоқи ҷомеаро коста мегардонад ва ҷои арзишу муносибатҳои солими ҷамъиятиро тасарруф карда, ба ояндаи миллат таъсири зиёновар мерасонад.
ҲХДТ зимни изҳори қаноатмандӣ аз тақвияти мубориза ба муқобили коррупсия минбаъд низ кўшиш ба харҷ медиҳад, ки барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа тавассути намояндагонаш дар парламент қонунҳое қабул гарданд, ки имконияти мансабдоронро барои сўиистифода аз мансаб,ришваситонӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои вазифавӣ маҳдуд сохта, масъулияташонро дар риояи қонун баланд бардоранд ва шаффофияти фаъолияти хизматчиёни мақомоти давлатиро таъмин созанд.
 
8. Ислоҳоти судӣ
 
ҲХДТ ҳамчунин ҷонибдори идома додан ва то ба охир расонидани ислоҳот дар низоми судӣ ва ҳамаи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, инчунин таъмини адолати судӣ мебошад. Дастгириашро аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории судӣ дар мавриди ба судҳо вогузор кардани салоҳияти додани иҷозат барои ҳабси пешакии гумонбар ва кофтуковро дастгирӣ менамояд,ки ба таҳкими минбаъдаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мусоидат карда, фаъолияти мақомоти судҳоро чун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ тақвият мебахшанд.
 
Инчунин дар давраи минбаъда вазифаҳои зеринро дар пеши худ мегузорад:
 
- ҷорӣ намудани мақомоти судии машваратӣ (вакилони маҳкамаи судӣ);
 
- қонунан баланд бардоштани мақоми додрасҳо ва амалиёти судӣ;
 
- фароҳам овардани шароиту замина барои таъсиси судҳои ҳакамӣ дар маҳалҳо.
 
Бо назардошти таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа фаъолият ва ваколатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ваколати нозирони минтақавии милитсия ва низоми музди меҳнати онҳо таҷдиди назар мегардад.
 
Иқтисодиёт
 
ҲХДТ чун ҳамеша сиёсати иқтисодиро амалӣ мегардонад, ки ба беҳтар кардани шароити зиндагии мардум мусоидат менамояд.
 
Ҳизб саъю кўшиши худро дар оянда ба фароҳам овардани заминаи қонунии ташаккули минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон, ки дар шароити бўҳрони молиявию иқтисодӣ ва ҷаҳонишавии сартосарии равандҳои иқтисодӣ ба рушди устувору самарабахш қодир бошад, равона хоҳад кард.
 
ҲХДТ барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ иҷрои ҳашт вазифаи асосиро зарур мешуморад:
 
- пурзўр намудани идора ва назорат дар сатҳи макроиқтисодӣ бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт;
 
- таъмини истиқлолияти ғизоӣ, энергетикӣ ва коммуникатсионӣ;
 
- таҳкими минбаъдаи заминаи рушди соҳаи кишоварзӣ;
 
- идомаи ислоҳоти соҳаҳо ва гузариш ба усулҳои нави таъмини пешрафти иқтисодиёт;
 
- идомаи ислоҳоти иқтисодиёт, ташаккул ва такомули кафолатҳои соҳавӣ барои таъмини рушди устувор;
 
- танзими иқтисоди дохилӣ ба манзури тақвияти қобилияти содиротии мамлакат, боло бурдани рақобатнокии молҳои ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва густариши равобити иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ;
 
- навсозии минбаъдаи иқтисодиёт бо мақсади коркарди ашёи хоми дохилӣ равона намудани имконоти мавҷуда;
 
- паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодиёт.
 
1. Густариши минбаъдаи соҳибкории хурду миёна – шарти асосии рушди иқтисодиёт
 
ҲХДТ ба манзури он, ки соҳибкории хурду миёна бештар ва зудтар аз ҳама ба пешрафт ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намуда, беҳтар аз ҳама ҳадафҳои иҷтимоии давлатамонро бароварда месозад, кулли иқдомотеро, ки ба тақвияту густариши ин бахши иқтисоди миллӣ равона гардидаанд, ҷонибдорӣ мекунад.
 
ҲХДТ дар зимни таъкид ба таъсири мусбии таъсиси «Равзанаи ягона» барои сабти ном ва ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамчунин эълони моратория барои санҷиш аз ҷониби Президенти мамлакат нисбати фаъолияти молиявию хоҷагии онҳо зарур мешуморад, ки минбаъд низ барои густариши соҳибкории хурду миёна тадбирҳои иловагӣ рўи кор гирифта шаванд. Бояд шароите фароҳам оварда шавад, ки ҳавасмандии соҳибкоронро ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла доир ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи мардум баланд бардорад.
 
Дар робита минбаъд ҳам соддаю дастрас кардани амалиёти қарздиҳии бонкҳо ба соҳибкорон, васеъ намудани шабакаи муассисоти молиявии ғайрибонкӣ, амсоли ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва саҳомие, ки қарзҳои хурд пешниҳод мекунанд, мувофиқи матлаб дониста мешавад.
 
ҲХДТ бо мақсади пурра фаро гирифтани ҳамаи масоилу мушкилоти вобаста ба густариши соҳибкории хурду миёна таҳияи барномаи «Соҳибкор»-ро пешниҳод мекунад, ки бояд дар заминаи ҳамкории миёни муассисаҳои дахлдори давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мураттаб гардида, ба рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна, ташаккули низоми додани қарзҳои хурд, ҷонибдорӣ аз иқдомоти иқтисодии шаҳрвандон мусоидат намояд.
 
ҲХДТ мўътақид аст, ки ташкили «Равзанаи ягона» барои оғози ҳар гуна фаъолияти судманд дар ҷомеа, махсусан дар рушди соҳибкории хурду миёна ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ мусоидат хоҳад кард.
 
2. Сиёсати сармоягузорӣ
 
Сармоягузорӣ яке аз манбаъҳои асосӣ ва воқеии рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Иштироки сармояи дохилӣ ва хориҷӣ имконияту захираҳои иловагие ҳастанд, ки бевосита ба рушди иқтисодиёт ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
 
ҲХДТ дар таҳияи барномаҳои сармоягузории давлатӣ фаъолона иштирок намуда, ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ва ҳамчунин сармояи соҳибкорони ватаниро барои рушди истеҳсолот ва иқтисодиёти мамлакат яке аз вазифаҳои умдаи хеш мешуморад. Ҳизб барои ҳамаҷониба мусоидат намудан ва фароҳам овардани шароит ба ҷалби сармоя дар назди худ вазифаҳои зайлро мегузорад:
 
- такмили роҳу усулҳои ҷалби захираҳои сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт;
 
- ба вуҷуд овардани шабакаи хазинаҳои сармояи хусусӣ;
 
- ҷалби сармояи хориҷӣ бештар дар соҳаи истеҳсолӣ, захираҳои зеризаминӣ ва рушди энергетика.
 
3.Раҳоӣ аз вобастагии иқтисодӣ – кафили пешрафти кишвар
 
ҲХДТ чунин мешуморад, ки истиқлолияти иқтисодии мо то замоне, ки се масъалаи муҳимтарин: истиқлолияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва истиқлолияти коммуникатсионӣ ҳал нагарданд, комил ва воқеӣ нахоҳад буд.
 
Бинобар ҳамин, саъю талошро дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои воло аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморад.
 
Дар бахши кишоварзӣ мустаҳкам намудани амнияти озуқаворӣ, беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо, таҳким бахшидани заминаи ҳуқуқии фаъолияти озодонаи деҳқонон, татбиқи минбаъдаи барномаҳои хушзоткунии чорво,асппарварӣ, занбўри асалпарварӣ, тухмипарварӣ, қутоспарварӣ, ба марҳилаи ниҳоӣ расондани баробаркунии қарзи хоҷагиҳо ва ғайраро аз масъалаҳои аввалиндараҷа меҳисобад.
 
ҲХДТ мақсад гузоштааст, ки тавассути ширкати фаъолонаю бевосита дар иҷрои барномаҳои тақдирсози кишвар, ободию шукуфоии Ватан саҳми худро бештар гардонад. Аз ҷумла:
 
- бо роҳи мусоидат ва дастгирии давлатӣ ба соҳаи худкифо ва даромаднок табдил додани кишоварзӣ, истифодаи технологияҳои муосири пурмаҳсул ва замонавии парвариши зироат ва нигоҳубини чорво ва парранда;
 
- ба итмом расонидани тадбирҳо ҷиҳати гузаштан ба коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишвар ва содироти маҳсулоти тайёри саноатии пахта;
 
- ба дараҷаи қонеъкунандаи талаботи аҳолӣ расондани истеҳсоли гандум ва дигар зироатҳои ғалладона;
 
- равнақи чорводорӣ, мурғпарварӣ ва моҳидорӣ бо мақсади ғанӣ сохтани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти гўштӣ ва коҳиш додани нархи он;
 
- ба анҷом расондани сохтмони навбати аввали Нерўгоҳи барқии обии Роғун,бо маблағҳои худӣ дар заминаи фурўши саҳмияҳо, ки барои Тоҷикистон масъалаи ҳаётан муҳим мебошад, идомаи бунёди нерўгоҳҳои миёна ва хурд, аз ҷумла дар дарёи Вахш, расидан ба дараҷаи таъминоти пурраи қувваи барқ ва таъмини истиқлолияти давлатии энергетикӣ;
 
- мавриди истифода қарор додани манбаҳои дохилии нафт ва гази табиӣ,коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти беруна;
 
- ба ҷустуҷў ва коркарди захираҳои урани Тоҷикистон ҷалб намудани сармояи хориҷӣ;
 
- ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ барои истихроҷи нуқра дар кони минтақаи Мансур, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон;
 
- бунёди шабакаҳои нави магистралии нерўи барқ ба дохил ва хориҷи мамлакат;
 
- анҷоми сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон, идомаи корҳо ҷиҳати ба ҳам пайвастани шабакаҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Афғонистону Эрон;
 
- анҷоми сохтмони туннелҳои Анзобу Шаҳристон ва Чормағзак, таъмини рафтуомади озоди миёни минтақаҳои Шимол ва Ҷануби мамлакат;
 
- ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани роҳи Кулма-Қароқурум ва таъмини равуои бемамониат дар қитъаи тоҷикистонии Шоҳроҳи бузурги абрешим;
 
- ба итмом расондани таъмири куллии роҳи Душанбе- Нуробод-Рашт-Саритош-Уш, ки самти алтернативии воридшавиро ба Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия боз мекунад;
 
- оғози бунёди НБО-ҳои нави Даштиҷум, Зарафшон, Нуробод, Шўроб, ки метавонанд Тоҷикистонро ба кишвари бузурги содиркунандаи нерўи барқ табдил дода, буҷети давлатиро чанд маротиба зиёд кунанд ва таъмини иҷтимоии аҳолӣ низ хеле беҳтар хоҳад гашт;
 
- сохтмони пулҳои нави болои дарёи Панҷ дар ноҳияҳои Фархору Шўрообод ба самти Афғонистон, ки имкони баромаданро ба бозорҳои наву бандарҳои ҷаҳонӣ васеъ мегардонад.
 
Соҳаи иҷтимоӣ
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон шудааст ва заминаҳои ҳуқуқии ташаккули чунин давлат мавҷуданд. Аз ин хотир, дар давлати иҷтимоӣ бояд ба ҳар як шаҳрванд зиндагии арзанда таъмин карда шавад.
 
Вобаста ба ин ҳадафи наҷиб ҲХДТ пешниҳод менамояд:
 
Зиндагии шоиста ба шаҳрвандон, кафолатҳои воқеии иҷтимоӣ ба ниёзмандон!
 
Амалӣ сохтани Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ноил гардидан ба иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ки имрўзҳо дар кишварамон мавриди татбиқ қарор доранд, яке аз бахшҳои таркибии сиёсати иҷтимоии ҲХДТ, ҳизбе, ки амният ва некўаҳволии инсонро дар сархати сиёсати хеш қарор додааст,мебошад.
 
Ҳизб саъю кўшишҳои хешро ба он равона кардааст, ки то соли 2015 ҳамаи вазифаҳои дар Стратегияи миллии рушд, Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Ҳадафҳои рушди ҳазорсола пешбинишуда амалӣ гардонида шаванд.
 
1. Низоми самарабахши иҷтимоӣ
 
ҲХДТ ба он мекўшад, ки дар мамлакат низоми самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки масъулияти баробари давлат, корфармоён ва худи шаҳрвандонро ба вуҷуд меоварад, мавриди амал қарор дода шавад.
 
Бинобар ин, дар давоми панҷ соли оянда ҳалли масъалаҳои зерин муҳим арзёбӣ карда мешаванд:
 
- таҳия ва дар амал ҷорӣ намудани меъёрҳои миллии таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, ки ба нишондиҳандаҳои ҳадди аққали зиндагӣ ва сабади истеъмолӣ асос ёфтаасту ҳаҷми пардохтҳои иҷтимоӣ дар ин маврид набояд аз андозаи ҳадди камтарини таъмини шароити зиндагӣ камтар бошад;
- маблағи нафақаю кўмакпулиҳои маъюбон аз ҳисоби ҷорӣ намудани нишондиҳандаҳои заминавии онҳо зиёд карда шуда, ин кўмакпулиҳо бояд ба ҳамаи онҳое дода шавад, ки баъди ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидан камаш даҳ сол дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ кардаанд;
- наздик кардани андозаи миёнаи нафақа ба ҳадди миёнаи маош;
- таҳияи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонӣ ба маъюбон» ва таҳияву татбиқи Барномаи барқарорсозии саломатӣ ва иҷтимоию касбии шахсони қобилияти ҷисмониашон маҳдуд.
 
2. Оилаи мустаҳкам-асоси ҷомеа
 
Дар ҷомеаи Тоҷикистон арзишҳои анъанавии оилавӣ, ки ба эҳтиром,муҳаббат ва ризоияти байни ҳамсарон, падару модарон ва фарзандон асос меёбанд, мавҷуд мебошанд.
Таҳкими ин арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва дар ниҳоди наврасону ҷавонон парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандўстӣ, ташаккул додани муносибати фаъоли шаҳрвандӣ, дастгирии давлат ва оила дар ин самт аз вазифаҳои муҳими ҲХДТ ба ҳисоб мераванд.
ҲХДТ барои боз ҳам устувор намудани нақши оила бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳифз ва пойдории расму анъанаҳои миллӣ, ки ба тарбияи насли наврас таъсири мусбӣ мерасонанд, талош хоҳад варзид.
 
3. Зиндагии шоиста меъёри миллист
 
Ҳар инсон вақте ба дунё меояд, ба таъмини зиндагии шоиста ва солим ҳақ дорад, вай бояд аз беморӣ ҳифз шавад ва агар бемор шуд, зуд ва пурра табобат ёбад, дар мактаб дониши хубу замонавӣ гирад, маънавиёташро тавассути ошноӣ бо фарҳангу ҳунар ғанӣ гардонад. Ин бештар ба саъю талоши худи шахс вобастагӣ дорад, аммо ҷомеаву давлат ҳам тавассути шароитҳое, ки барои ҳаёти шоиста ва сазовори инсон фароҳам меоваранд, бояд саҳми муносиб гузоранд. Аз ин лиҳоз ҲХДТ мўътақид бар он аст, ки ҳаёти шоиста бояд меъёри миллӣ бошад, зеро он бақову ояндаи миллат аст.
 
а) Таъмини дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ
 
Бо назардошти он, ки маҳз солимии миллат пояндагии онро таъмин карда метавонад, ҲХДТ таъмини дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббиро маҳз бо роҳи мукаммалсозии низоми идоракунии соҳаи тандурустӣ имконпазир шуморида, бо ин мақсад ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро имконпазир мешуморад. Ҳамзамон баҳри рушди минбаъдаи соҳа ҳалли масъалаҳои зеринро зарур мешуморем:
- татбиқи барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии кишвар ба кўмаки тиббию иҷтимоӣ дар саросари мамлакат;
- таҳия, тасдиқ ва татбиқи Стратегияи рушди тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020;
- мукаммалсозии идоракунии системаи тандурустӣ ва маблағгузории сарикасии муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- рушди тибби хусусӣ ва оилавӣ;
- таҷдиди хизматрасонии бистарикунонӣ;
- ҳифзи саломатии модару кўдак, таъмини сифати баланди хизматрасонии тиббӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои муосири тиббӣ дар заминаи татбиқи Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи модарон дар давраи то соли2014 ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кўдакон дар давраи то соли 2015;
- пешгирӣ намудани паҳншавии бемориҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ хавфнок;
- ислоҳоти низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ тавассути татбиқи Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015;
- паст намудани шиддати бемориҳои сироятӣ;
- амалӣ гардонидани низоми суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
б) Ҳифзи муҳити зист
 
ҲХДТ истифодаи захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон ва беҳтар гардонидани вазъи экологиро яке аз омилҳои рушди некўаҳволии мардум медонад. Ҳизб кўшиш ба харҷ медиҳад, ки:
- бо назардошти барномаҳои бузурги сармоягузорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи ҳифзи табиат» такмил дода шавад;
- механизмҳои иқтисодие, ки истифодаи оқилонаи табиат ва муносибати эҳтиёткоронаро ба муҳити зист таъмин мекунанд, ба вуҷуд оварда шаванд;
- аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ бо оби нўшокии хушсифат таъмин карда шавад;
- дар ҳалли мушкилоти кўли Сарез ҳамкории васеи байналмилалиро ба роҳ монад;
- шуури экологии аҳолиро бо роҳи таблиғу ташвиқ тавассути ВАО баланд бардорад.
 
в) Ҷойҳои нави кор, ҳимояи ҳуқуқҳои аҳли заҳмат
 
ҲХДТ дар панҷ соли гузашта муваффақ гардид, ки дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат тағйироти мусбӣ ба амал омаданд. Аммо ҳизб тадбирҳои андешидашударо дар ин замина вобаста ба бўҳрони қатънагардидаи молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши сафи бекорони ғайрирасмӣ ҳанўз нокифоя арзёбӣ мекунад ва ният дорад бо ҷалби мақомоти ҳамаи зинаҳои ҳокимияти иҷроия ва масъулияти шахсии раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ва мақомоти дигари давлатӣ ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар маҳалҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои заҳматкашон ноил гардад.
 
ҲХДТ мисли пештара ҷиҳати танзими самарабахши бозори меҳнат тадбирҳои зеринро зарур мешуморад:
- ислоҳоти низоми маълумоти касбӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва омода сохтани мутахассисони мавриди ниёзи бозори меҳнати дохил ва хориҷи мамлакат;
- фаъолона мавриди истифода қарор додани имкониятҳои созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ;
- танзими раванди муҳоҷирати корӣ ҷиҳати таъмини заминаи ҳуқуқии ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии муҳоҷирон дар дохил ва хориҷи мамлакат, омўзиши вазъи бозори меҳнат дар хориҷи мамлакат ба манзури пайдо кардани ҷойҳои нави корӣ;
- ба таври васеъ ба роҳ мондани ташкили ҷойҳои нави корӣ дар бахши воқеии иқтисодиёти кишвар.
 
г) Заминаи стратегии пешрафти кишвар-илм ва маориф
 
ҲХДТ дар рушди илму маориф, ташкили шароити созанда барои амалӣ намудани фаъолияти илмӣ, дастгирии олимони ҷавону лаёқатманд пайваста саҳм хоҳад гирифт.
ҲХДТ бар он аст, ки соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг бо ҳам наздик бошанд ва тавъам инкишоф ёбанд. Мо барои баланд бардоштани самаранокии низоми таҳсилот, ташаккули таълим ва тарбияи насли наврас, маблағгузории муносиб ба соҳаи маориф, ташкили имкониятҳо ҷиҳати боло бурдани обрўю эътибори муаллим тадбирҳо меандешем.
Заминаи асосии пешрафти миллат илму маориф мебошад, ки бидуни таваҷҷўҳи зиёди давлат ба ин соҳаи муҳим навсозии иқтисодиётро ба роҳ мондан ғайриимкон аст, маҳз пешрафти илмию техникӣ беш аз 90 фоизи заминаро барои рушди иқтисодиёт дар як қатор кишварҳои мутараққӣ таъмин намудааст.
 
Аз ҳамин лиҳоз ҲХДТ зарур мешуморад, ки илму маориф бояд ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар эътироф гарданд ва сиёсати давлатиро барои густариши пайвастаи донишу маърифатнокии аҳолӣ пешниҳод менамояд.Дар доираи эълон гардидани соли 2010 ҳамчун соли маориф ва фарҳанги техникӣ ва дар давоми панҷ соли минбаъда ҲХДТ тадбирҳои зайлро дар ин бобат муҳим арзёбӣ мекунад:
 
- афзоиши пайвастаи маблағгузории буҷетӣ ба рушди илму маориф;
- зиёд кардани музди меҳнати омўзгорон;
- зиёд кардани стипендияҳои донишҷўён;
- барқарор намудани шабакаи мактабҳои ҳунаромўзӣ;
- мактабҳои маълумоти миёнаи махсус ва ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ сохтани фаъолияти онҳо;
- барқарор намудани мактабҳои эҷодиёти техникии наврасону ҷавонон ба манзури ташаккули фарҳанги техникии шаҳрвандон;
- таваҷҷўҳи махсус ба таълими илмҳои техникӣ, муҳандисӣ, табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ;
- қабули барномаи давлатии ба интернет пайвастани мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ;
- истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ барои бештар сохтани самараи раванди таълим;
- фароҳам овардани шароит барои омўзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ;
- ба роҳ мондани усулҳои замонавию инноватсионии рушди соҳаи илми кишвар;
- дастгирии молиявӣ ва маънавии ихтироъкорон, кашфиётҳои илмҳои техникӣ,дақиқ ва тиббӣ;
- истифодаи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва рушди маънавиёти ҷомеа.
 
д) Рушди фарҳанг, ҳифз ва эҳёи мероси фарҳангӣ
ҲХДТ рушду нумўи арзишҳои миллиро самти афзалиятноки сиёсати хеш қарор дода, дар баробари он гуногунии забон, фарҳанг ва эътиқоди динии ҳамаи халқҳои сокини Тоҷикистон ва ҳаққи қонунии онҳоро барои равнақу ривоҷи анъанаҳои миллиашон эътироф намуда, барои густариши рисолати дин ҳамчун тарғибгари одобу ахлоқи ҳамида, пок сохтани қалбу рўҳи шахс ва пешгирии равияҳои ғайриқонунии мазҳабӣ ва зуҳўроти номатлуби ифротгароии динӣ дар ҷомеа, ки аз ташаббусҳои наҷибонаи Раиси ҲХДТ Президенти кишвар дар мавриди рушди дини мубини ислом дар Тоҷикистон бармеоянд, кўшиш ба харҷ медиҳад.
Ҷиҳати тақвияти фарҳангу ҳунари миллӣ ҲХДТ тадбирҳои зайлро пешниҳод менамояд:
- таҳияи барномаи стратегии миллии ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, стратегияи муқовимат ба ифротгароии динӣ ва зуҳуроти мухталифи он, ташаккули фарҳанги муросо ва таҳаммулгароӣ;
- зиёд кардани маблағгузорӣ ба ҳама соҳаҳои фарҳанг ва таҳияи механизмҳои нави маблағгузории муассисаҳои фарҳангӣ тавассути ашхосу созмонҳои хайрхоҳ;
- зиёд кардани маблағгузории телевизиони миллӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани талабот ба дараҷаи касбӣ ва сатҳи ахлоқию эстетикӣ ва аҳамияти тарбиявии барномаҳо;
- анҷоми корҳои омодагӣ ва оғози пахши барномаҳои телевизионии умумифорсӣ аз шаҳри Душанбе;
- қабули барномаи давлатии дастгирии кинематографияи миллӣ ва ба вуҷуд овардани рақобати озоди соҳа;
- ба анҷом расонидани сохтмони биноҳои нави Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ ва Осорхонаи миллии таърихию кишваршиносии ба номи Беҳзод;
- мусоидат ба рушди муассисаҳои фарҳангии наврасону ҷавонон дар Тоҷикистон.
 
Ҷавонони Тоҷикистон-ояндаи давлати соҳибистиқлол
 
Ҷавонони Тоҷикистон ояндаи давлати соҳибистиқлол мебошанд.
Тарзи ҳаёти солим, дўст доштани ватан, барпо кардани оилаи устувор, омодагии касбӣ барои ҷавонон аз арзишҳои судманду муҳим ба ҳисоб мераванд.
Мо ба ташкили шароити мусоид барои амалӣ гардонидани ана ҳамин арзишҳо бо такмил ва татбиқ намудани барномаҳои сиёсати кадрӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, дастгирии оилаҳои ҷавон мусоидат менамоем.
Барои ҷалби бештари ҷавонон ба илму донишҳои дунявӣ дар заминаи арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию мазҳабӣ ва эмин доштани онҳо аз гароишҳо ба гурўҳҳои ифротгаро тадбирҳои мушаххас меандешад.
 
Сиёсати кадрҳо
 
Тарбия ва тайёр кардани кадрҳои мутахассис, забондон, аз усулҳои нави идоракунӣ, илмҳои замонавӣ, системаи иттилоотӣ ва технологияи компютерӣ бохабар, дорои одобу ахлоқи ҳамида, тафаккури замонавӣ, ватандўсту ба иҷрои вазифаи хизматӣ содиқ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошад.
ҲХДТ барои дарёфт ва тарбияи чунин кадрҳо, ташкили захираи устувори кадрҳои роҳбарикунанда, баланд бардоштани масъулияти кадрҳо, риояи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ пайваста кўшиш намуда, бо мақсади амалӣ шудани мақсадҳояш дар ин самт силсилаи тадбирҳоро анҷом медиҳад.
 
Мо ҷонибдори боз ҳам беҳтар шудани сифату иқтидори кадрии дастгоҳи мақомоти давлатӣ ва бахши иқтисодӣ, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии кормандон мебошем ва дар ҳалли масъалаҳои мазкур мусоидат менамоем.
Ҳизб минбаъд ҳам ҷиҳати бартараф сохтани монеаҳои маъмурӣ ва заъфи сиёсатгароии занон, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ –ҳуқуқӣ ва парваришу омўзиши кадрҳои лаёқатманд ва воқеъбин аз байни занонро мусоидат менамояд.
 
Рушди сиёсати байналмилалӣ ва амнияти кишвар
 
ҲХДТ изҳор менамояд, ки ба мавқеи хеш дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкории ҳаматарафаи баробарҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бо ҳамаи кишварҳо ба сиёсати «Дарҳои кушода» устувор буда, муқаддам будани ҳуқуқи байналмилалиро таъкид менамояд.
 
ҲХДТ ҷонибдори чунин сиёсати хориҷии кишвар мебошад, ки манфиатҳои миллиро дар арсаи байналмилалӣ ҳамаҷониба ҳифз ва муаррифӣ намояд. Ҳизб кўшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкории судманди сиёсию иқтисодии кишварро бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, ки хоҳони ин ҳамкориҳо ҳастанд, бо созмонҳои мўътабари байналмилалӣ минбаъд низ бо назардошти ҳимояи манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ густариш диҳад.
 
Сиёсати хориҷии мамлакат бояд чун ҳамеша бисёрқутба ва бар пояҳои баробарӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва шароити мутақобилан судманд бунёд карда шавад.
ҲХДТ минбаъд низ барои амалӣ сохтану риоя кардани меъёру санадҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, талош меварзад.
 
Рушди ҳамкории бештари иқтисодӣ ва ҳамгироӣ дар доираи Созмони иқтисодии Евразия, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бо кишварҳои алоҳидаи минтақа, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон,Украина, Белорусия аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки равобити хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Инчунин, равобити зич ва ҳамкорию ҳамгироӣ дар ҳайати Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО), бо Чин, Эрону Афғонистон, Покистону Ҳиндустон, ки вақтҳои охир ривоҷи бештар пайдо кардаанд, назди кишвар имконоти хубу ояндадорро боз намудаанд. ҲХДТ аз ҳамгироии торафт таҳкимёбандаи кишварҳои форсизабон, ки ба манфиати амният ва пешрафти иқтисодии минтақа мебошад, изҳори қаноатмандӣ карда, дар оянда низ барои тақвияти ин равобити бародарона талош меварзад.
 
Густариши равобит бо кишварҳои ҷаҳони ислом, бо давлатҳои арабӣ,таҳкими мавқеи кишвар дар ин минтақа дурнамои хубе дошта, рушди онҳо ба суди ҳамаи ҷонибҳо, ҳифзи арзишҳои муштараки динию фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, таҳкими амният ва муқовимат дар муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир, амсоли терроризму экстремизм, пешрафту рушди иқтисодии кишварамон хидмат мекунад.
ҲХДТ ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкориву равобити судманди сиёсиву иқтисодӣ бо ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Ҷопон, кишварҳои саноатии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад.
Ҳизб кўшиш мекунад, ки фаъолияти Тоҷикистон дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА (Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо), НАТО (Созмони Атлантикаи Шимолӣ) ва ғайра минбаъд низ муассир ва созанда бошад
Аз сабаби он ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамаи кишварҳо аз ҷумла, Тоҷикистонро масъалаи таъмини амният дар муқобили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динию сиёсӣ, ҷинояткории муташаккилонаи байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа ба ташвиш овардааст, ҲХДТ таъмини бехатарии давлату миллатро аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир самти муҳими сиёсати хориҷии кишвар арзёбӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳизб ҷонибдори беҳтар намудани самараи аксуламал ба ин зуҳуроти хатарнок дар доираи шабакаҳои минтақавии амният, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо мебошад.
 
Сиёсати мудофиавии Тоҷикистон
 
ҲХДТ ҷонибдори ислоҳоти пайгиронаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва бунёди артиши ихтисосманде мебошад, ки бо аслиҳа ва техникаи замонавӣ таъмин буда, дар ҳама гуна ҳолат вазифаи муқаддаси худро дар бобати ҳифзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ватанамон адо карда тавонад.
 
Қобилияти корӣ дар артиш бояд ҳамеша таъмин ва тартибу низоми оинномавӣ, рўҳияи дўстиву бародарӣ, кўмаку дастгирии ҳамдигарӣ пойдор бошад.
Муҳофизони Ватан бояд ба чизе ниёз надошта бошанд. ҲХДТ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки дар ҳалли мушкилоти хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо кўмак расонад, дар ин замина минбаъд ба баррасии парламент лоиҳаи силсилаи қонунҳои марбут ба ин масъала пешниҳод хоҳанд шуд.
***
 
Ҳамин аст нигоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ояндаи кишварамон, ки Барномаи ҳизбро ташкил дода, муҳимтарин ҳадафҳои моро доир ба пешрафти мамлакат дар панҷ соли оянда муайян намуданд.
 
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дарк мекунад, ки иҷрои ин вазифаҳоро ҳадафи худ қарор дода, чи гуна масъулияти калонро барои таъмини ояндаи ватану миллат, барои тақдири ҳамаи миллатҳои сокини Тоҷикистон бар зиммаи хеш гирифтааст. Аммо мо бовар дорем, ки дар ин азми олию наҷибона, дар иҷрои ин ниятҳои бузург танҳо нахоҳем буд. Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизбе, ки зодаву парварда ва ҷузъи ҷомеаи Тоҷикистон аст, бо такя ба ҷонибдории дилгармонаи мардум таҳия шудааст, бо истифода аз имкониятҳои зеҳнию кадрӣ ва масъулияти баланд амалӣ гардонда мешавад.
 
Мо якҷоя, даст ба дасти ҳам дода, дар роҳи пешрафту ободии Тоҷикистон қадамҳои устувор хоҳем гузошт ва барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон кўшиш хоҳем кард!
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222)-2-82-92
Fax: (83222)-2-12-12

 

Релизҳо

Худро номнавис кунед ва маълумоти заруриро дар бораи ҲХДТ дастрас намоед.